ТАҶЛИЛИ 80-СОЛАГИИ ТЕАТР

Июль 31, 2009 14:35

                    Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Театри давлатии академии ба номи А. Лоҳутӣ моҳи ноябри соли равон 80-сола мешавад. Директори театр Ибодулло Машрабов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки барои ҷашн намоишномаи нав дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам тайёр карда мешавад.                   И. Машрабов қайд намуд, ки театр дар давоми фаъолияташ роҳи дуру дарози эҷодиро тай намуда, намоишномаҳо ва асарҳои бадеӣ-классикии ӯ дили тамошобинонашро бурдааст. Ҳунармандони барҷастаи театр М. Исоева, Д. Умарова, С. Сабзалиева, К. Собир, М. Мирзоалиев, Қ. Чақалов ва дигарон анъанаҳои беҳтарини санъати миллии театриро давом медиҳанд.                   Театри давлатии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ соли 1929 дар заминаи маҳфили ҳаваскорони санъат ташкил ёфта буд. Соли 1933 ба ин театр номи шоир, нависанда ва драматург Абулқосим Лоҳутӣ дода шуд. Хизматҳои Лоҳутӣ дар рушди театрии Тоҷикистон бебаҳост. Зеро А. Лоҳутӣ дар Тоҷикистон аввалин шуда намоишномаҳои Шекспирро барои ба саҳнаи театри мазкур гузоштан забони тоҷикӣ тарҷума карда буд. Соли 1939 ба театр унвони академӣ дода шуд.                                                                                                  Тарҷумаи Зебо Иноятова 

Июль 31, 2009 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад