ТАФТИШИ СУИҚАСД БА ҶОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ИНГУШИСТОН ДАВОМ ДОРАД
Маскав, 25 июл. (АМИТ «Ховар»-Лента.ру).- Раиси Кумитаи тафтишоти прокуратураи Федератсияи Русия Александр Бастрикин хабар дод, ки дар ҷараёни тафтиши амалиёти сӯиқасд ба ҷони президенти Ингушистон Юнусбек Евкуров чор нафар дастгир шуд. Онҳо ба иштирок дар ин амалиёт гумонбар мебошанд. Қайд карда шуд, ки номи шахсони дастгиршуда бо мақсади махфӣ нигоҳ доштани ҷараёни тафтиш фош карда намешавад. Муовини вазири корҳои дохилии Русия Аркадий Еделев пеш аз ин хабар дода буд, ки шахсони ба рабудани мошини сабукрави тамғаи «Тойота» дасгир карда шуданд. Аз рӯи тахмини муфаттишон, ҳамин мошини сабукрав барои анҷом додани сӯиқасд ба ҷони президент истифода карда шудааст. Тавре хабар дода шуда буд, шахсони номаълум 22 июн дар шаҳри Назрон ба ҷони президенти Ингушистон сӯиқасд ташкил намуданд. Онҳо мошини сабукрави тамғаи «Тойота кампри»-ро ки бо маводи тарканда муҷаҳҳаз буд, дар назди мошини президент тарконданд. Иқтидори маводи тарканда ба 70 килограм қувваи тротил баробар буд. Мошини сабукравро як нафар террористи фидоӣ тарконд. Худи террорист дар ҷои воқеа ҳалок шуд. Дар натиҷаи сӯиқасд президенти Ингушистон сахт маҷрӯҳ шуд ва ду нафари дигар ҳалок гардид. Юнусбек Евкуров баъди сӯиқасд дар шифохона бештар аз 10 рӯз беҳуш хобид. Айни ҳол вазъи саломатии ӯ торафт беҳтар мегардад. Президенти Русия Д. Медведев ба аёдати Ю. Евкуров омад. Вазири корҳои дохилии Чеченистон Руслан Олхонов изҳор намуд, ки ташкилкунандаи сӯиқасд силоҳбадасти машҳур Алӣ Тозиев мебошад, ки инчунин бо номҳои Муҳаммад Евлоев ва лақаби Магас маълум аст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






