ВАЗИРИ МОЛИЯ: «БА БУҶА 1,8 МИЛЛИАР СОМОНӢ ВОРИД ГАРДИД»

Июль 25, 2009 11:06

                Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки таъсири бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон идома дошта, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ нисбатан паст гардиданд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бошад, 7,8 миллиард сомонӣ ва афзоиши реалии он ба 2,8 фоиз баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 фоиз кам аст», — тазаккур дод зимни нишасти матбуотӣ, 24 июл вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов.               Ӯ афзуд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар ин давра 1,6 миллиард доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли сипаригашта 30,6 фоиз ё 712,4 миллион доллари амрикоӣ кам мебошад. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ ба 411,4 миллион доллари ИМА ва ҳиссаи воридот ба 1,2 миллиард доллари ИМА баробар шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта содирот ба маблағи 379,7 миллион ва воридот 331,8 миллион доллари ИМА кам гаштааст.               «Бояд зикр намуд, ки омилҳои мазкур ва идома ёфтани бӯҳрони молиявӣ-иқтисодӣ ба иҷроиши буҷет таъсири бевосита расониданд. Вале, новобаста аз ин, Вазорати молия дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдор як қатор корҳоро ба анҷом расонид, ки дар натиҷа ба буҷет 1,8 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андозҳои дохилӣ 1 миллиард сомонӣ, буҷетҳои маҳаллӣ 544,6 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 174,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад», — идома дод С. Наҷмиддинов.                Дар фарҷом вазир ва муовинону масъулини Вазорати молия ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.  

Июль 25, 2009 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад