ҒАЛАБАИ ШОҲМОТБОЗИ ТОҶИК
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова).- Аз 15 то 20 август дар шаҳри Самарқанд бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқоти шоҳмотбозон баргузор гардид. Дар он шоҳмотбози тоҷик Соиб Ҷураев иштирок намуд ва ғолиб омад. Аз дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Соиб Ҷураев аз 9 холи имконпазир 8 хол ба даст овард. Шоҳмотбози зӯртарини Ӯзбекистон Марат Ҷумъаев бо 7 хол ҷои дуюмро ишғол намуд. С. Ҷураев ният дорад, ки пеш аз мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмотбозони ҷаҳон, ки дар Аргентина баргузор мегардад дар кишварҳои Русия ва Украина дар якчанд мусобиқа ширкат варзад. Айни ҳол С. Ҷураев дар байни шоҳмотбозони зӯртарини Тоҷикистон баъди Ф. Амонатов ҷои дуюмро ишғол менамояд. Тарҷумаи Зебо Иноятова








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






