ҒАЛАБАИ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров).- Дирӯз дар шаҳри Олмалиқи ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи чоруми байналхалқии боксчиёни навраси соли таваллудашон 1991-1992 ба охир расид. Дар мусобиқа варзишгарони Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок карданд. Варзишгари тоҷик Меъроҷиддин Каримов, дар вазни зиёда аз 91 килограмм зимни қувваозмоӣ бо соҳиби майдон аз шаҳри Олмалиқ ғалабаро ба даст овард. Ӯ таҳти роҳбарии тренер Абдурашид Мамаҷонов машқ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Мусобиқаи мазкур давраи навбатии тайёрӣ ба Олимпиадаи нахустини варзишгарони наврас буд, ки соли 2010 дар Сингапур баргузор мегардад. Тарҷумаи Зебо Иноятова








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






