ҚӮҲНАВАРДОНИ ТОҶИКУ ҲИНД БА ҶАММУ КАШМИР МЕБАРОЯНД
Душанбе, 18 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар нимаи моҳи сентябри соли равон дар Ҳиндустон Экспедитсияи муштараки низомию кӯҳнавардии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор мегардад. Ҳадафи экспедитсияи мазкур фатҳи қуллаҳои дугоник — Сток Кангри (баландиаш 6153 метр) ва Гулап Кангри (5921 метр) мебошад. Ин қуллаҳо дар ноҳияи Лехи иёлоти Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон воқеанд. Дастаи низомии кӯҳнавардони Тоҷикистону Ҳиндустон, ки ҳар кадоме аз 12 нафарӣ иборат мебошад, алҳол ба ин чорабинии муҳим омодагӣ мебинанд. Гурӯҳи низомии кӯҳнавардони тоҷик аллакай ба Ҳиндустон сафар карданд. Онҳо машқҳои муштараки омодагӣ ҷиҳати фатҳи қуллаҳои дугоники Сток Кангри ва Гулап Кангриро мегузаронанд. Дар назар аст, ки кӯҳнавардон қуллаҳои дугоникро нимаи аввали моҳи сентябр фатҳ менамоянд. Баргузор намудани чунин экспедитсияи муштараки кӯҳнавардӣ аҳамияти таърихӣ дорад. Зеро он бори нахуст дар таърихи ҳар ду давлат- Тоҷикистону Ҳиндустон бо иштироки хизматчиёни ҳарбии ин кишварҳо гузаронида мешавад. Ҳар ду ҷониб аз экспедитсияи муштарак умедҳои калон доранд, зеро он муносибатҳои тарафайнро таҳким бахшида, инъикосгари равобити дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон аст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






