ҲАЧМИ ХАРИДУ ФУРӮШИ МОЛ БО МАМЛАКАТҲОИ ХОРИҶӢ КАМ ШУД
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омор, маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ дар давоми 7 моҳи аввали соли равон бештар аз 1,9 миллиард доллари ИМА — ро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 — ум 31,2 фоиз кам мебошад. Хабар дода мешавад, ки маблағи хариду фурӯши мол бо мамлакатҳои хориҷӣ дар ин давра 907,7 миллион доллари ИМА кам шудааст. Тоҷикистон соли равон бо 92 мамлакати ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратӣ дошт. Маблағи аз ҳама зиёди хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ ба Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркия рост меояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






