АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР НАЗРОН
Назрон, 18 август. (АМИТ «Ховар» — Вести. ру.). — Субҳи 17 август дар даромадгоҳи бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Назрони Ҷумҳурии Ингушистон зимни ҷамъомади кӯтоҳмуддати кормандони милиса як мошини мусофирбари «Газел», ки муҷаҳҳаз бо маводи тарканда буд, тарконда шуд. Ронанда мошинро аз дарвозаи якуми шӯъбаи корҳои дохилӣ гузаронида, вале аз дарвозаи дуюм гузашта натавонист. Кормандони милиса вақти ба қафо ҳаракат кардани мошин ба сӯи он оташ кушоданд. Яке аз онҳо зери борони тир ба мошин расида хост, ки дари онро кушода ронандаро ба берун барорад. Ҳамин лаҳза таркиш ба амал омад. Дар натиҷаи таркиш 20 нафар ҳалок гардида, 138 нафар маҷрӯҳ шуд. 10 нафари маҷрӯҳшудагон бачагони раҳгузар мебошанд. Бар асари таркиш бинои ШКД ва бинои ҳамсояи серошёнаи истиқоматӣ зарари калон диданд. Вобаста ба ин амалиёт бо қарори Президенти Русия Д. Медведев, вазири корҳои дохилии Ингушистон Руслан Мейриев аз вазифа сабукдӯш гардид. Президенти ИМА Барак Обама ба аҳли оилаи шахсони дар натиҷаи ин амали террористӣ ҳалокгардида ва Ҳукумати Русия ҳамдардӣ баён намуд. Дар барқияи Б.Обама гуфта мешавад, ки чунин амалиёти террористиро ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақ баровардан мумкин нест. Ба қавли ӯ, ин амали террористӣ шаҳодат медиҳад, ки вазъияти минтақа муташанниҷ буда, дар он ҳаёти сокинони осоишта ва шахсони расмӣ зери хатар қарор дорад. Қобили зикр аст, ки Б.Обама баъди хӯҷаини Қасри сафед интихоб шуданаш бори аввал вобаста ба чунин воқеаҳои Русия ҳамдардӣ изҳор намуд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






