БАРОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МУСОФИРОН
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналхалқии Душанбе» мувофиқи нақшаи сохтмон ва бо мақсади тақвияти назорати бехатарии парвозҳо сохтмони гузаргоҳ барои тафтиши кормандони фурудгоҳ, сарнишинони ҳавопаймоҳо ва хизматчиёни вазорату идораҳо оғоз ёфт. Бо ин мақсад дар ҳамаи даромадгоҳҳои майдони ҳавоӣ бо назардошти меъёрҳои байналхалқии таъмини амният воситаҳои назораткунанда, мушоҳида аз масофаи дур, дастгоҳҳои сабти садо, навори видео, алоқаи радиою телефонӣ ва дастгоҳҳои ошкоркунандаи фулузот насб карда мешаванд. Инчунин дар даромадгоҳи асосии майдони ҳавоӣ барои нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар мавриди зарурат таҷҳизоти махсус насб карда мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






