БОКСЧИЁНИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИК ДАР ИТАЛИЯ
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров).-Гурӯҳи якуми боксчиёни тоҷик имрӯзҳо дар Рим машқ мекунанд. Онҳо дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонии бокс ширкат меварзанд, ки аз 1 то 12 сентябр дар Милан баргузор мегардад. Дар ин даста боксери машҳур бо вазни 54 килограмм Анвар Юнусов бо мураббии худ Мирзо Шамсиев иштирок мекунад. Рӯзҳои наздик гурӯҳи дуюми боксчиёни тоҷик барои машқ ба ин ҷо меоянд. Ба ин гурӯҳ боксчиёни тоҷик Озар Авзалшоев, Ҷасур Қурбонов, Ҷаҳон Қурбонов ва мураббии онҳо Аббос Неъматуллоев шомиланд. Кумитаи олимпӣ умедвор аст, ки Анвар Юнусов ва Ҷаҳон Қурбонов дар ин мусобиқа натиҷаҳои хуб ба даст хоҳанд овард, зеро онҳо ба ҷумлаи панҷ нафар боксчиёни зӯртарини олимпиадаи Пекин дохил гардиданд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






