БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ИНШООТИ ҶАШНӢ

Август 21, 2009 14:37

                   Бадахшон, 21 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Имрӯзҳо мардуми Бадахшон ба хотири сазовор истиқбол кардани иди Ваҳдат, ки соли 2010 дар ВМКБ мегузарад, омодагӣ мебинад. Ба ин муносибат муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси ВМКБ Қодири Қосим бо рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла Литсейи президентӣ, хобгоҳ барои 1000 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи шаҳри Хоруғ, театри мусиқии мазҳакавӣ, Қасри ҷавонон, Варзишгоҳи марказӣ, студияи телевизиони Бадахшон, Раёсати корҳои дохилӣ, азнавсозии фурӯдгоҳи ҳавоӣ дидан кард.                  Маълум шуд, ки ҷараёну низоми корҳо дар аксари иншоот хуб асту онҳо сари вақт мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд, аммо ба қавли раиси вилоят ҷараёни корҳои бунёдкорӣ дар иншооти Кохи ҷавонон, Раёсати корҳои дохилӣ ва студияи телевизиони Бадахшон хеле суст аст.  

Август 21, 2009 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!