ДАР ДАНҒАРА КОРХОНАИ СЕМЕНТ БУНЁД МЕШАВАД
Қӯрғонтеппа, 4 август, (АМИТ «Ховар» , Мурод Сотиев). — Тибқи хабари дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара, ширкатҳои байналмилалии чинӣ изҳор намуданд, ки тайёранд дар ноҳияи Данғара корхонаи калони сементбарорӣ созанд. Бо қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳия барои сохтмони корхонаи оянда қитъаи замин ҷудо карда шуд. Ширкатҳои чинӣ ояндаи наздик ба овардани таҷҳизоти зарурӣ ва масолеҳи бинокорӣ шурӯъ менамоянд. Тибқи нақша, корхона дар як сол бештар аз як миллион тонна семент истеҳсол хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






