ДАР ДАРВОЗ ҚАСРИ ФАРҲАНГ МЕСОЗАНД
Бадахшон, 7 август. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Ибтидои солҳои 50-уми қарни 20 дар маркази ноҳияи Дарвоз клуберо бунёд карданд, ки баъдтар онро Хонаи маданият меномиданд ва боре ҳам он рӯи таъмирро надида, охири солҳои 80-ум валангор гардид. Танҳо баъди сафари навбатии кории Президенти кишвар дар соли 2008 ба ВМКБ ба хотири бунёди Кохи фарҳанг 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ҳоло сохтмон идома дорад. Тавре аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, Қасри фаҳанг то ҷашни истиқлолият мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






