ГУРҶИСТОН АЗ ҲАЙАТИ ИДМ РАСМАН ХОРИҶ ШУД
Маскав, 18 август. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Гурҷистон ба наздикӣ аз ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил расман хориҷ гардад ҳам, вале тақрибан дар 75 созишномаи бисёрҷонибаи дар доираи ИДМ имзошуда иштирок хоҳад кард. Ҳукумати Гурҷистон қарори хориҷ гардидани мамлакатро аз ҳайати ИДМ соли гузашта баъди воқеаҳои моҳи август қабул карда буд. Парлумони ҷумҳурӣ қарори мазкурро 14 август маъқул донист. Вазорати корҳои хориҷии Гурҷистон дар ин бора 18 август ба Кумитаи иҷроияи ИДМ расман хабар дод. Мувофиқи Низомномаи ИДМ, ҷараёни ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои хориҷ гардидани як мамлакат аз ҳайати ИДМ 12 моҳ давом мекунад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






