ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам баргузории чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ дар мамлакат идома дорад. Дар ҷамъомаде, ки дар ноҳияи Варзоб баргузор шуд, зикр гардид, ки дар таълимоти Имоми Аъзам покии ботинию зоҳирӣ, дӯстию рафоқати қавму миллатҳо, дар доираи ақлу хирад ва одоби инсонӣ рафтор намудани инсон аз талаботи муҳими дини мубини ислом шуморида шудааст. Дар конфронс ҳаёту рӯзгори ибратомӯзи Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит мавриди омӯзиш қарор гирифта, миёни иштирокчиён оид ба таълимоти Имоми Аъзам мубодилаи афкор сурат гирифт.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






