ИМКОНИЯТИ ПАСТ ШУДАНИ ҲАРОРАТИ ҲАВО
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — Вақтҳои охир бо сабаби ба фазои мамлакат ворид гардидани мавҷи ҳавои сарди шимолу ғарбӣ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво, хусусан шабона то андозае паст гардид. Аз Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳарорати ҳаво дар давоми як ҳафтаи охир дар мамлакат аз 8 то 9 дараҷа паст фуромад. Қайд карда шуд, ки чунин тағйироти вазъи ҳаво дар давоми моҳи август ба меъёрҳои ҳарсола мувофиқ мебошад. Рӯзҳои оянда ҳавои тамоми минтақаҳои мамлакат гарм буда, дар ягон ҷо борон намеборад. Рӯзҳои оянда ҳаво шабона дар пойтахт аз 13 то 15 ва рӯзона аз 32 то 34 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ба ақидаи ҳавошиносон ҳавои мамлакат аз 25 август сар карда, то андозае хунук шуда метавонад. Дар ин маврид сардии ҳаво рӯзона ҳам ҳис карда хоҳад шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






