ИМТИЁЗҲО БАРОИ КОРГАРОНИ АҚИБГОҲ
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз Шӯрои ветеранҳои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки акнун ҳуқуқи коргарони ақибгоҳи дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ордену медалҳо мукофотонидашуда бо иштирокчиёни ҶБВ баробар карда шуд. Дар натиҷа коргарони ақибгоҳ аз тамоми имтиёхҳои барои иштирокчиёни ҶБВ муқарраршуда истифода мебаранд. Айни ҳол масъалаи сад сомонӣ зиёд кардани нафақаи ҳармоҳаи коргарони ақибгоҳ баррасӣ карда мешавад. Инчунин сафари иштирокчиёни ҶБВ аз Тоҷикистон ба мамлакатҳои ИДМ дар арафаи таҷлили 65 — солагии ғалабаи халқи шӯравӣ дар ҶБВ ба нақша гирифта шудааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






