КӮМАКИ ИМА БА МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «СУҒД»

Август 19, 2009 10:00

                   Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Намояндагии Агентии рушди байналхалқии ИМА дар Тоҷикистон дирӯз, 18 август ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба маблағи 23 ҳазор доллари ИМА асбобу анҷоми идорӣ ва мебел тӯҳфа кард. Кӯмаки мазкур ба воситаи барномаи озод намудани савдо ва ислоҳоти соҳаи гумрук расонда шуд.                    Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Агентии рушди байналхалқии ИМА илова ба кӯмаки мазкур Кодекси гумруки Тоҷикистонро барои муқаррар намудани мувофиқати он бо меъёрҳои байналхалқӣ ва қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат мавриди таҳлил қарор дод. Ҳамчунин ба Ҳукумати Тоҷикистон дар бобати ташкили мулоқоти навбатии гурӯҳи корӣ дар масъалаи қабули Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат мусоидат карда шуд.  

Август 19, 2009 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!