КӮШИШҲОИ ФИШОРОВАРӢ БА ЖУРНАЛИСТ МАҲКУМ КАРДА МЕШАВАНД

Август 7, 2009 15:27

                              Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Созмони миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон кӯшишҳои фишороварии раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддинро ба муҳаррири ҳафтаномаи «Бизнес и Политика» Олимҷон Қурбонов қотеона маҳкум менамоянд.                               Таҳлили мақолаи «Использование воды как проблема дыхания» («Бип» №23 аз 4 июни соли 2009) ва ҷавоби раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ба ин мақола таҳти унвони «Иных уж нет, а те далече» («Бип» №29 аз 16 июли соли 2009) нишон медиҳад, ки муаллифи мақола проблемаи муттаҳид сохтани хоҷагиҳои деҳқониро ба созмони ҷамъиятӣ — Ассосиатсияи истифодабарандагони об бо мақсади истифодаи самарабахшу оқилона ва одилонаи об, нақши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дар бобати ҷалби ҳамаҷонибаи сармоя барои рушди ҳамаи соҳаҳои кишоварзиро ба миён гузоштааст. Дар мақола баъзе амалҳои зиддиқонунии мақомоти маҳаллии шаҳри Ваҳдат танқид карда мешаванд, ки ба ҷалби сармояи созмонҳои байналхалқӣ ва амалӣ сохтани ҳуқуқи қонунии роҳбарони Ассосиатсияи ба тозагӣ ташкилёфтаи истифодабарандагони оби хоҷагиҳои деҳқонӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон монеъ гардидаанд. Раиси шаҳри Ваҳдат ба ҷои вокуниши таъҷилӣ ба мақолаи танқидӣ кӯшиш кардааст, ки бо мақсади ба тарафи дигар бурдани мавзӯи мушаххас муаллифи мақоларо беасос гунаҳкор намуда, ӯро ба ғаразнокӣ ва ба даст овардани манфиати моддӣ муттаҳам созад. Ҷавоби раиси шаҳри Ваҳдат ба мақолаи мазкур намунаи равшани муносибати бюрократӣ ва худхоҳӣ буда, ба талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурӣ «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба мақолаҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори оммавӣ» ягон умумият надорад.                          Иттифоқи журналистон ва Созмони миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон ҳуқуқи қонунии сокинони мамлакатро ба додани ҷавоб ё рад кардани даъвоҳои пешниҳодшуда эътироф карда, кӯшишҳои шахси мансабдорро дар бобати зери шубҳа қарор додани маҳорат ва дараҷаи тахассусии муаллифи мақола нораво мешуморанд. Шахси мансабдор бояд ба мақолаи танқидӣ муносибати воқеӣ дошта бошад. Ӯ набояд бо ҳар роҳ худро ҳақ бароварданӣ шуда, илова бар ин ба унвони журналистон ва воситаҳои ахбори оммавӣ ба тӯҳмату таҳқир ва носазогӯӣ роҳ диҳад. Ҳамзамон на мансабдороне, ки фаъолияташон дар мақола танқид карда шудааст, балки мақомоти болоӣ ё шахсони мансабдори онҳо бояд ба ин мақола ҷавоб медоданд.                         Иттифоқи журналистон ва Созмони миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон шахсони мансабдорро даъват менамоянд, ки хабару мақолаҳои танқидиро бо сабру таҳаммул мавриди таҳлил қарор диҳанд. Зеро самараи ҳамкории воситаҳои ахбори оммавӣ ва мақомоти ҳокимият дар бобати муқаррар намудани адолат ва қонуният ба дуруст дарк намудани ҳадафи хабару мақолаҳои танқидӣ вобаста мебошад.                         Иттифоқи журналистон ва Созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Созмони миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон кӯшишҳои фишороварии раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддинро ба муҳаррири ҳафтаномаи «Бизнес и Политика» Олимҷон Қурбонов қотеона маҳкум менамоянд. Таҳлили мақолаи «Использование воды как проблема дыхания» («Бип» №23 аз 4 июни соли 2009) ва ҷавоби раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ба ин мақола таҳти унвони «Иных уж нет, а те далече» («Бип» №29 аз 16 июли соли 2009) нишон медиҳад, ки муаллифи мақола проблемаи муттаҳид сохтани хоҷагиҳои деҳқониро ба созмони ҷамъиятӣ — Ассосиатсияи истифодабарандагони об бо мақсади истифодаи самарабахшу оқилона ва одилонаи об, нақши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дар бобати ҷалби ҳамаҷонибаи сармоя барои рушди ҳамаи соҳаҳои кишоварзиро ба миён гузоштааст. Дар мақола баъзе амалҳои зиддиқонунии мақомоти маҳаллии шаҳри Ваҳдат танқид карда мешаванд, ки ба ҷалби сармояи созмонҳои байналхалқӣ ва амалӣ сохтани ҳуқуқи қонунии роҳбарони Ассосиатсияи ба тозагӣ ташкилёфтаи истифодабарандагони оби хоҷагиҳои деҳқонӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон монеъ гардидаанд. Раиси шаҳри Ваҳдат ба ҷои вокуниши таъҷилӣ ба мақолаи танқидӣ кӯшиш кардааст, ки бо мақсади ба тарафи дигар бурдани мавзӯи мушаххас муаллифи мақоларо беасос гунаҳкор намуда, ӯро ба ғаразнокӣ ва ба даст овардани манфиати моддӣ муттаҳам созад. Ҷавоби раиси шаҳри Ваҳдат ба мақолаи мазкур намунаи равшани муносибати бюрократӣ ва худхоҳӣ буда, ба талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурӣ «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба мақолаҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори оммавӣ» ягон умумият надорад.Иттифоқи журналистон ва Созмони миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон ҳуқуқи қонунии сокинони мамлакатро ба додани ҷавоб ё рад кардани даъвоҳои пешниҳодшуда эътироф карда, кӯшишҳои шахси мансабдорро дар бобати зери шубҳа қарор додани маҳорат ва дараҷаи тахассусии муаллифи мақола нораво мешуморанд. Шахси мансабдор бояд ба мақолаи танқидӣ муносибати воқеӣ дошта бошад. Ӯ набояд бо ҳар роҳ худро ҳақ бароварданӣ шуда, илова бар ин ба унвони журналистон ва воситаҳои ахбори оммавӣ ба тӯҳмату таҳқир ва носазогӯӣ роҳ диҳад. Ҳамзамон на мансабдороне, ки фаъолияташон дар мақола танқид карда шудааст, балки мақомоти болоӣ ё шахсони мансабдори онҳо бояд ба ин мақола ҷавоб медоданд.Иттифоқи журналистон ва Созмони миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон шахсони мансабдорро даъват менамоянд, ки хабару мақолаҳои танқидиро бо сабру таҳаммул мавриди таҳлил қарор диҳанд. Зеро самараи ҳамкории воситаҳои ахбори оммавӣ ва мақомоти ҳокимият дар бобати муқаррар намудани адолат ва қонуният ба дуруст дарк намудани ҳадафи хабару мақолаҳои танқидӣ вобаста мебошад.Иттифоқи журналистон ва Созмони миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон дар доираи қонунҳои амалкунандаи мамлакат бартараф намудани ҳамаи баҳсу мунозираро дар воситаҳои ахбори оммавӣ ҷонибдорӣ карда, баробари ин бо камоли масъулият изҳор менамоянд, ки ҳар гуна кӯшиши фишоровариро ба воситаҳои ахбори оммавӣ ва журналистон новобаста ба вазифа ва мақоми шахсоне, ки ба чунин амалҳои ғайриқонунӣ даст задаанд, пешгирӣ хоҳанд кард.Раиси Иттифоқи журналистони ТоҷикистонА. Сатторов,Раиси Созмони воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон Н.Қаршибоев.(АМИТ «Ховар»)

Август 7, 2009 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст