«КАФОЛАТ» КАФОЛАТИ ДОНИШОМӮЗӢ МЕДИҲАД
Душанбе, 21 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Кафолат» чунин ном гирифтааст гимназияи хусусии тоҷикӣ -русӣ, ки дар маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе дар остонаи соли нави хониши 2009-2010 қомат афрохт. Назар ба иттилои сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов гимназияи хусусӣ бо ибтикори соҳибкор аз шаҳри Душанбе Исматулло Исоев барои 400 хонанда бунёд карда шудааст. Бинои гимназия чорошёна буда, дорои тамоми шароитҳои зарурӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалист. Ба хонандагон дар муддати рӯз ду маротиба хӯроки гарм дода мешавад. Дар гимназия талабаҳо аз синфи 1 то синфи 7 таҳсил менамоянд. Дар оянда дар гимназия таҳсили 12-сола ҷорӣ карда хоҳад шуд. Таҳсил аз рӯи реҷаи бардавом яъне бо дарбар гирифтани машғулиятҳои амалӣ ҷараён гирифта, то соати чори рӯз идома меёбад. Ҳамчунин, Ш. Исломов афзуд, ки дар пойтахт дар маҷмӯъ то соли нави хониш боз се мактаби хусусӣ ба истифода дода мешавад. Гимназияи «Ҳиммат» ва «Ҳотам ва ПВ» шаҳодати ин гуфтаҳост. Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ сохтмони мактабҳои хусусӣ афзоиш меёбад. Зеро тибқи қарори қабулнамудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе соҳибкорон ва дигар шахсони инфиродӣ, ки дар пойтахт мактаб месозанд аз супоридани андозҳои маҳаллӣ озод мебошанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






