КИШТИҲОИ АТОМИИ РУСИЯ ДАР НАЗДИ СОҲИЛҲОИ ИМА ШИНО МЕКУНАНД
Вашингтон, 5 август. АМИТ «Ховар» — Лента.Ру.). — Рӯзномаи «Ню — Йорк Таймс» бо истинод ба хабари вазорати мудофиаи ИМА хабар дод, ки ду киштии атомии Русия дар соҳилҳои ғарбии мамлакат шино мекунанд. Аз рӯи маълумоти вазорати мудофиаи ИМА сухан дар бораи киштиҳои атомии зериобии «Акула» меравад, ки дар зери об беовоз шино карда метавонанд. Ба қавли намояндаи вазорати мудофиаи ИМА, яке аз киштиҳо 4 август ҳамагӣ 200 милл дуртар аз соҳил ба қайд гирифта шуд. Киштии дигар ҳамон рӯз аз тарафи соҳили ИМА ба самти Куба шино кардааст. Мутахассиси таърихи флоти зериобии ИМА Норман Полмар ба хабарнигорон гуфт, ки киштиҳои атомии зериобии Русия дар давоми 15 соли охир бори аввал дар наздикии соҳилҳои мамлакат мушоҳида карда шуданд. Дар баробари ин қайд карда мешавад, ки киштиҳои атомӣ дар минтақаи бетараф қарор доштанд. Мо метавонем, хати ҳаракати онҳоро таҳти назорат қарор диҳем, гуфт дар хотима Н.Полмар. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






