КИТОБХОНАИ РАҚАМИИ ЕВРАЗИЯ БУНЁД КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Тавре хабар дода шуда буд, дар пойтахти Тоҷикистон маҷлиси 24 — уми Шӯрои вазирони фарҳанги мамлакатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар он аз ҷумла, барномаи ташкили китобхонаи рақамии мамлакатҳои иттиҳод муҳокима карда шуд. Аз соли 2006 сар карда, мувофиқи барномаи мазкур дар мамлакатҳои ИДМ китобхонаҳои электронӣ ва рақамӣ ташкил карда мешаванд. Аз ҷумла, тӯли солҳои оянда дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ толори хониши виртуалӣ кушода хоҳад шуд. Илова бар ин дар мамлакатҳои собиқи Шӯравӣ марказҳои китоб ва фарҳанги русӣ кушода мешаванд. Барои ин аз буҷети Вазорати фарҳанги Русия ва Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии ИДМ маблағи зарурӣ ҷудо карда шуд. Барои ташкили чунин китобхонаҳо мутахассисони варзида заруранд. Бо ин мақсад Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии ИДМ дар Маскав курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил намуд. Дар ин курсҳо кормандони китобхонаҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таҳсил мекунанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






