МӮҲЛАТИ АМАЛӢ СОХТАНИ СОЗИШНОМА МУАЙЯН КАРДА ШУД
Вашингтон, 13 август. (АМИТ «Ховар» — Лента. ру ). — Муовини вазири мудофиаи ИМА дар масъалаи амнияти байналхалқӣ Александр Вершбоу зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар бораи мавриди амал қарор додани Созишномаи ИМА ва Федератсияи Русия дар бораи интиқоли молҳои низомии Амрико ба Афғонистон сухан ронд. А.Вершбоу зикр кард, ки иҷрои созишнома баъди 60 рӯзи имзои он, яъне аз 6 сентябри соли 2009 шурӯъ хоҳад гашт. Ҳамзамон таъкид шуд, ки рӯзи аниқи оғози парвози ҳавопаймоҳо ба ӯ маълум нест. Созишномаи ИМА ва Федератсияи Русия дар бораи истифодаи ҳарими ҳавоии Русия барои интиқоли молҳои низомии Амрико ба Афғонистон 6 июл зимни сафари Президенти ИМА Барак Обама ба Маскав имзо шуда буд. Тибқи созишнома ҳар рӯз ба воситаи ҳарими ҳавоии Русия то 12 ҳавопаймои низомӣ ва боркаши ИМА парвоз хоҳад кард.А.Вершбоу зимни сӯҳбат инчунин ба масъалаҳои дигар, аз ҷумла, ҷанги Русия ва Гурҷистон, ҳамкории ҳарбии ИМА ва Гурҷистон, нақшаҳои ҷой додани системаҳои мудофиа аз ҳуҷуми ракетаҳо дар Аврупо, гуфтушунидҳо бо Эрон ва Куриёи Шимолӣ дар масъалаи истифодаи қувваи атом ва ғайра дахл намуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки агар ҳамкории Вашингтон ва Маскав самарабахш мебуд, ҷанги Русия ва Гурҷистонро пешгирӣ кардан мумкин буд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






