МАҶЛИСИ ҲАЙАТҲОИ МУШОВАРАИ ВКД ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ ДАР ҚАЗОН Б

Август 18, 2009 16:27

               Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз 19 то 23 августи соли равон дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия маҷлиси муштараки ҳайатҳои мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор мегардад. Дар он ҳайатҳои вазоратҳои корҳои дохилии ҳар ду мамлакат таҳти роҳбарии вазирони корҳои дохилии онҳо Абдураҳим Қаҳҳоров ва Рашид Нургалиев иштирок хоҳанд кард.                Инчунин аз Тоҷикистон дар ин маҷлис сардори раёсати ташкилӣ ва назорати ВКД, генерал — майори милиса Тоҳир Норматов ва роҳбари дафтари матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев ширкат меварзанд.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки чунин маҷлисҳои муштараки ҳайатҳои мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия ҳар сол гузаронида, дар онҳо ҳамкории ҳар ду вазорат дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва терроризм муҳокима карда мешавад.

Август 18, 2009 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад