МАЪЛУМОТИ ДУРУСТ ТО ДАВРАИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОН БА ДАСТ ОВАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо иттилои дафтари матбуотии ВКД ҶТ дар мушовираи муштараке, ки 21 — уми августи соли ҷорӣ бо иштироки вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ФР дар шаҳри Қазон баргузор гардид, шумораи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки қонунан ба қайд гирифта шудаанд, 391 ҳазор хонда шуд. Тибқи иттилои мавҷуда, боз ҳамин қадар муҳоҷирони меҳнатӣ ғайрирасмӣ дар ФР ба кору фаъолият машғуланд. Дар мушовираи мазкур, миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва ФР қарордод дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ФР ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон, ба роҳ мондани табодули иттилоот дар бораи рафту омади шаҳрвандони ду кишвар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ба рох мондани тарзи дурусти бақайдгирӣ мавриди муҳокима қарор ёфт. То имрӯз шумораи аниқи муҳоҷирони ғайрирасмии Тоҷикистон дар ФР номаълум боқӣ мондааст ва шояд он то давраи интихоботи Парлумони кишвар (соли 2010) муайян гардад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






