МИҚДОРИ ЗИЁДИ ГЕРОИН МУСОДИРА ГАРДИД

Август 5, 2009 14:21

                           Хуҷанд, 5 август. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд ҳамроҳи кормандони гумруки роҳи оҳани вилоят дар истгоҳи роҳи оҳани «Хуҷанд» зимни аз назар гузаронидани вагонҳои қатора 20 килограмму 254 грамм маводи нашъадори пуртаъсири героинро ошкор ва мусодира намуданд. Сардори раёсати назорати маводи нашъадори вилоят, генерал — майор Файзулло Абдуллоев зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки чунин миқдори зиёди маводи нашъадор дар ҳудуди вилоят дар давоми бештар аз се соли охир бори аввал мусодира карда шуд. Маводи нашъадор бо кӯмаки саги бӯгири раёсати агентии мазкур ошкор карда шуд, ки лақабаш «Дина» мебошад.                           Дар ҷараёни амалиёт соҳиби бори марговар сокини 29 — солаи шаҳри Истаравшан дастгир карда шуд, ки номи ӯ барои махфӣ нигоҳ доштани ҷараёни тафтиш зикр карда намешавад. Ба қавли шахси дастгиршуда, маводи нашъадорро моҳи январи соли равон сокини шаҳри Душанбе (номи ӯ низ махфӣ нигоҳ дошта мешавад) аз пойтахт оварда, ба сокини шаҳри Истаравшан додааст. Сокини шаҳри Истаравшан розӣ шудааст, ки ба ивази 10 ҳазор доллари ИМА маводи нашъадорро ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан ба шаҳри Челябинск барад. Тибқи нақша, маводи нашъадор аз Челябинск ба шаҳри Орск бурда мешуд. Дар ин маврид интиқолдиҳандаи он соҳиби боз 10 ҳазор доллар мегашт.Ба қавли мутахассисон, нархи умумии маводи нашъадори мазкур дар чайқовбозор 3 — 4 миллион долларро ташкил медиҳад. Ф.Абдуллоев зикр намуд, ки соҳиби эҳтимолии маводи нашъадор дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Р. низ дастгир карда шуд.                           Вобаста ба ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад. Агар гуноҳи қочоқчиёни маводи нашъадор исбот гардад, онҳо мувофиқи қонун ба мӯҳлати то 20 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд, гуфт дар хотима Ф.Абдуллоев.                                                                                                   Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 5, 2009 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!