МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ДАР ТОҶИКИСТОН КАЙ ФАРО МЕРАСАД?
Душанбе, 7 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Моҳи шарифи Рамазон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбеи 22 август фаро мерасад. Тибқи иттилоъи муовини Раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Маъруф Раҳимов дар ин хусус дар маҷлиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ қарор қабул шуд. Маъруф Раҳимов гуфт, ки фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз ҷониби ходимони дин аз рӯи ҳисоби иҳҷазабуд муайян карда шудааст. Мумкин аст моҳи мубораки Рамазон дар бархе аз кишварҳо, ба мисли Русия ва Туркия 21 август оғоз ёбад. Алҳол, дар Маркази исломии Тоҷикистон омодагиҳо ба ин моҳи муборак идома дошта, тақвими моҳи шарифи Рамазон дар ҳоли таҳия аст, ки тибқи он субҳидам, баргузории ифтор, вақти гузоштани намозҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар муайян карда мешаванд. Ҳамчунин, нақша-чорабиниҳо вобаста ба моҳи мубораки Рамазон таҳррезӣ мегардад, ки тибқи он дар масҷидҳо хатми Қуръони карим гузаронида шуда, тавассути телевизион ва радио имом хатибон дар мавриди фазилатҳои неки моҳи Рамазон баромад мекунанд. Воқеан, моҳи Рамазон моҳи шариф ва муборак аст. Зеро дар ин моҳ аз сӯи Худованд китоби осмонӣ- Қуръони карим ба сӯи бандагон нозил гардид. Дар баробари рӯза доштан дар ин моҳ инсонҳо бояд қалбҳои худро аз кинаву қудурат, ғайбат ва дигар хислатҳои номатлуб пок сохта, меҳрубонию ҳурмату эҳтиромро дар мадди аввал гузоранд ва дар фазои салоҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва осоишта рӯза гиранд. Ғамхорӣ ва дасти кӯмак дароз намудан аз ҷониби шахсони доро ва сарватманд ба мӯҳтоҷону ятимон ва оилаҳои камбизоат яке аз фазилатҳои наҷиби ин моҳ ба шумор меравад. Умед аст, ки моҳи мубораки Рамазон барои мардуми тоҷик моҳи мустаҷобгардидани ормонҳои миллӣ ва сарсабзию шукуфоии сарзамини Тоҷикистон мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






