МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ АМНИЯТИ МИНТАҚА
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Маҳмудҷон Собиров 21 август бо сафири фавқулодда ва мухтори Олмон дар Тоҷикистон Бону Дорис Хертрампф мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқоти онҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, иштироки Тоҷикистон дар фаъолияти СААД ва ғайра муҳокима шуданд. Ҳар ду ҷониб роҷеъ ба вазъияти Афғонистон ва таҳкими амнияти минтақа табодули назар намуданд. Зарурати муттаҳид сохтани кӯшишҳои ҳар ду ҷониб дар мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароии динӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, аслиҳа ва ғайра табодули назар карданд. Мусоҳибон инчунин аҳамияти густариши фаъолияти СААД ва ҳамкории онро бо созмонҳои минтақавию байналхалқӣ, аз ҷумла, СММ, ИДМ, САҲА, НАТО, Иттиҳоди Аврупо, СҲШ ва Ҷомеаи иқтисодии Евразия таъкид намуданд. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






