МУҲОКИМАИ ВАЗЪИ АСАРҲОИ АДИБОНИ ҶАВОН
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 19 август як қатор адибону муҳаққиқон бо роҳбарии муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Камол Насрулло ба ВМКБ сафар карданд. Зимни сафар ҳайати мазкур дар конфронси адибони ҷавони вилоят, ки аз 20 то 23 август дар ин минтақа баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Дар конфронс иштирокчиён вазъи асарҳои адибони ҷавонро муҳокима карда, ба мазмуну мундариҷаи он баҳо медиҳанд. Бояд қайд кард, ки имрӯз вазъи асарҳои адибони ҷавон талабгӯи ҷомеа набуда, дар сатҳи на он қадар баланд офарида мешаванд.Ҳамчунин дар доираи конфронс вохӯрии аҳли илму адаб бо мардуми вилоят ва маҳфилҳои эҷодӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини аввали Иттифоқи нависандагон Абдулҳамид Самадов хабар дод.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






