МУБОДИЛАИ МАЪЛУМОТ ДАР БАЙНИ МУАССИСАҲОИ МУҲОҶИРАТИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар шаҳри Минск зимни маҷлиси гурӯҳи кории намояндагони ваколатдори ИДМ Протокол дар бораи мубодилаи маълумот дар байни муассисаҳои муҳоҷирати давлатҳои Иттиҳод мувофиқа карда шуд. Ҳадафи протоколи мазкур бештар сохтани самараи танзими ҷараёни муҳоҷират, амалӣ сохтани созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар байни мамлакатҳои ИДМ дар соҳаи муҳоҷират мебошад. Қайд карда мешавад, ки мамлакатҳои ИДМ дар ин бобат маълумотро ба таври ройгон дастраси ҳамдигар мегардонанд. Маълумот дар бораи ҷараёни муҳоҷират ҳар се моҳ як маротиба дар шакли электронӣ ба Хадамоти муҳоҷирати Федератсияи Русия дода хоҳад шуд. Инчунин лоиҳаи нишондиҳандаҳои асосии стратегӣ дар соҳаи муҳоҷират асосан мувофиқа гардид. Дар он теъдоди вуруд ва хориҷ гардидани шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакат, миқдори шаҳрвандони хориҷии дар муассисаи муҳоҷират ба қайд гирифташуда, давом додани мусофирати онҳо дар давлат, дароз кардани мӯҳлати истиқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар мамлакат, ба даст овардани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи фаъолият ва ғайра нишон дода шудаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлис намояндагони Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Кумитаи омори ИДМ дар кумитаи аскарони интернатсионалист ширкат варзиданд. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






