МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО НАМОЯНДАИ МУАССИСАИ РУШДИ СММ
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 21 август бо намояндаи доимии Муассисаи рушди СММ дар Тоҷикистон Майкл Ҷонс мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Муассисаи рушди СММ муҳокима шуданд. Ҳ.Зарифӣ аҳамияти калони сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаро дар Тоҷикистон таъкид намуд. М.Ҷонс зикр кард, ки дар Тоҷикистон теъдоди дарёҳои хурду калони кӯҳистон зиёд аст, бинобар ин сохтмони нерӯгоҳҳои хурд аҳамияти калон дорад. Баъдан лоиҳаи барномаи тадбирҳои СММ барои расондани кӯмак бо мақсади рушди Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010 — 2015 мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ин барнома дар соҳаҳои қасд намудани сатҳи камбизоатӣ, идораи самарабахш, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъминоти оби тоза, экология ва энергия, соҳаи хизматрасонии хушсифат, маориф ва таъминоти иҷтимоиро дар бар мегирад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






