МУЛОҚОТИ О. ОҚИЛОВ БО НАМОЯНДАИ ТАШКИЛОТИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ

Август 4, 2009 11:41

                     Душанбе, 4 август. (НИАТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — 3 августи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ноиби директори минтақавии бюрои минтақавии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ната Менабде мулоқот кард.                    Зимни мулоқот ҷонибҳо аз вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва раванди расонидани кӯмакҳо аз ҷониби ин ташкилот ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.                     Таъкид гардид,ки минбаъд низ Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон дар амалисозии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ,беҳдошти вазъи сиҳатии омма,тайиёр кардани кадрҳои баландихтисосӣ соҳа, рушди хизматрасонии модару кӯдак ва пешгирию муолиҷаи бемориҳои сирояткунанда кӯмак хоҳад расонид.                    Ҳаҷми кӯмаки ба Тоҷикистон расонидашуда аз ҷониби ташкилоти мазкур соли 1993 65 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода бошад, дар солҳои 2008 — 2009 бошад дар назар аст , ки ба 6,6 миллион доллари америкоӣ баробар шавад.                     Хотиррасон бояд кард ,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1992 аъзои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошад.  

Август 4, 2009 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!