МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН ГУСТАРИШ МЕЁБАНД
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вақтҳои охир шаҳрвандони Тоҷикистон торафт бештар бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба Покистон сафар мекунанд. Дар робита сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ин вазъиятро чунин шарҳ дод: — Гирифтани раводиди сафари Покистон дар давоми 17 соли охир барои шаҳрвандони Тоҷикистон хеле душвор буд. Онҳо раводиди сафарро ба ин мамлакат то 3 — 4 моҳ интизор мешуданд. Вале ба қарибӣ Вазорати корҳои дохилии Покистон Тоҷикистонро аз рӯйхати мамлакатҳои барои Покистон номатлуб хориҷ намуд. Акнун шаҳрвандони тоҷик ва хусусан соҳибкорону тоҷирон раводиди сафари Покистонро ба осонӣ ба даст оварда метавонанд. Сафир афзуд, ки солҳои охир баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон бо ихтиёри худ ва ғайриқонунӣ ба Покистон сафар мекунанд. Вай се шаҳрванди тоҷикро мисол овард, ки дар давоми шаш моҳи охир барои ғайриқонунӣ истиқомат карданашон дар қаламрави Покистон дастгир карда шудаанд. Онҳо дар арафаи сафари Президенти Покистон ба Тоҷикистон озод гардиданд. Ин се нафар донишҷӯёне мебошанд, ки бо ихтиёри худ бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба Покистон омада, дар мактабҳои динӣ таҳсил мекарданд. Ҳол он ки сатҳи таълим дар мактабҳои динии Покистон нисбат ба мактабҳои динии Тоҷикистон чандин баробар паст мебошад. Тасаввур кунед, ки дар мадрасаи динии Покистон ба донишҷӯён дар давоми сол се маротиба як ҷуфт либос ва ду дона собун медиҳанду халос. Шароити зиндагии онҳо ниҳоят тоқатфарсост. Ман тасаввур карда наметавонам, ки падару модаронашон фарзандони худро чаро барои таҳсил ба Покистон мефиристанд. Зеро шароити таҳсил, зиндагии донишҷӯён ва таъминоти онҳо дар мактабҳои Тоҷикистон чандин баробар беҳтар мебошад. Донишҷӯён дар мактабҳои динии Тоҷикистон таҳсил карда, дониши бештар омӯхта метавонанд. Ҷавонони аз ҳабс озодшуда ҳамагӣ 13 — 14 сола буда, бе ягон тайёрӣ ба Покистон омадаанд, онҳо ҳатто забони урдуро намедонанд. Онҳо дар давоми сол ҳамагӣ 10 — 15 сӯраи Қуръонро аз ёд карда метавонану халос. Зимни вуруд ба қаламрави Покистон шиносномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари донишҷӯён гирифта мешавад. Бинобар ин донишҷӯён аз хона баромада наметавонанд. Дар натиҷа ақида ва ҷаҳонбинии онҳо дар давоми 3 — 5 соли таҳсил ба куллӣ тағйир меёбад. Ман шаҳрвандони Тоҷикистонро даъват менамоям, ки ба Покистон танҳо бо раводиди қонунӣ сафар карда, бо роҳхати вазорату идораҳои дахлдор барои таҳсил ба ин мамлакат раванд. Мо ба наздикӣ барои ҷалби сармоя ҷиҳати амалӣ сохтани барномаҳои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон дар Покистон семинари байналхалқӣ гузаронидем. Инчунин чанде пеш дар Покистон маҷлиси Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Покистон баргузор гардид. Дар фарҷоми он протокол имзо шуд. Дар давоми сафари Президенти Покистон ба Тоҷикистон чандин ҳуҷҷатҳои дигар ба имзо расидаанд. Гуфтан мумкин аст, ки ин ҳуҷҷатҳо барои густариши муносибатҳои ҳар ду кишвар роҳҳои нав мекушоянд. Умед аст, ки баъзе ҳодисаҳои сафари ғайриқонунии шаҳрвандони тоҷик ба Покистон муносибатҳои дӯстонаи ҳар ду мамлакат ва халқҳои онҳоро халалдор нахоҳад сохт. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






