МУРОҶИАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВӢ БА ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — Имрӯз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба унвони Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиатнома фиристод. Онро теъдоди хеле зиёди роҳбарону намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ва созмонҳои журналистӣ имзо кардаанд. Муроҷиатнома 2 июл дар ҷамъомади роҳбарони ҳамаи агентиҳои иттилоотӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо, ҳафтаномаҳо, студияҳо ва стансияҳои радиою телевизиони ҷумҳурӣ қабул шуда буд. Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки айни ҳол бештар аз 90 фоизи воситаҳои ахбори оммавӣ вобаста ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардиданд, даромади қисми зиёди онҳо хеле коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, теъдоди нашри ҳафтаномаҳо аз 30 то 40 фоиз кам гардида, талаби хонандагон ба онҳо коҳиш ёфта, арзиши хизматрасониҳо ва хароҷоти хариди қоғазу маводи дигари зарурӣ хеле афзуда, ҳаҷми эълону реклама дар воситаҳои электронии ахбори оммавӣ то 70 фоиз кам шудааст. Дар муроҷиатнома таъкид карда мешавад, ки воситаҳои ахбори оммавӣ дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ба туфайли нақши махсусашон дар системаи идораи давлат ва ҳаёти ҷомеа аз имтиёзҳои гуногун ва дастгирии давлатӣ бархурдоранд. Дар бисёр мамлакатҳо барои воситаҳои ахбори оммавӣ дар бобати пардохти андоз имтиёзҳо муқаррар карда шудаанд, онҳо аз ҷониби давлат бо қоғаз ва маводи дигари зарурӣ таъмин карда мешаванд. Дар ин бобат Қазоқистон мисол шуда метавонад. Ҳукумати ин мамлакат барои беҳтар сохтани фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ дар давраи бӯҳрони молиявӣ маблағи калон ҷудо мекунад. Воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон имрӯз дар шароити вазнини иқтисодӣ қарор доранд, ба баъзеи он хавфи муфлисшавӣ таҳдид менамояд. Аз ин рӯ ба Ҳукумати мамлакат муроҷиат карда, даъват менамоем, ки дар чунин шароити душвор ба ҳалли ин проблема диққати ҷиддӣ дода шавад. Қабули барномаи махсуси давлатии зидди бӯҳрон дар соҳаи табъу нашр имкон медиҳад, ки проблемаҳои мазкур ҳал карда шаванд ва обрӯю эътибори мамлакат ва роҳбарияти Тоҷикистон дар бобати вусъат бахшидан ба озодии сухан ва таҳкими демократия афзунтар гардад, — гуфта мешавад дар муроҷиатнома. Намояндагони воситаҳои ахбори оммавии мамлакат вобаста ба шароити душвори имрӯза пешниҳод менамоянд, ки : 1. Дар муассисаҳои давлатии молиявии Тоҷикистон барои додани қарзи бефоиз ба воситаҳои ахбори оммавие, ки дар иҷрои барномаи зиддибӯҳронӣ ширкат меварзанд, маблағи муайян ҷудо карда шавад ё дар муассисаҳои молиявӣ барои воситаҳои ахбори оммавӣ маблағи кӯмак муқаррар карда шавад; 2. Аз воситаҳои ахбори оммавӣ дар давоми панҷ сол маблағи андоз, андози арзиши изофа ва андози даромад гирифта нашавад. Ба бунёди шабакаи миллии паҳн намудани нашрияҳо бо роҳи ислоҳот ва беҳтар сохтани фаъолияти хизмати давлатии почта мусоидат намуда, инчунин бо роҳи бекор кардани маҳдудиятҳо барои кушодани дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ дар ҳамаи маҳалҳои серодами шаҳрҳо ва ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе шароит муҳайё карда шавад; 3. Ба қонунгузории амалкунандаи мамлакат бо роҳи бекор кардани меъёрҳои додани иҷозат ба истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ бо мақсади беҳтар сохтани фаъолияти стансияҳо ва студияҳои радиою телевизион тағйироту иловаҳо ворид карда шавад, ки дар ин бора дар Паёми Президент ба Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ аз 15 апрели соли 2009 сухан меравад. Иштирокчиёни ҷамъомад чунин мешуморанд, ки барои амалӣ сохтани тадбирҳои зикршуда аз ҳисоби буҷет маблағи калон сарф карда намешавад. Ин пешниҳодҳо дар баробари ин проблемаҳои воситаҳои ахбори оммавиро дар давраи бӯҳрон ҳал карда метавонанд. Ҳалли ҳар чӣ зудтари ин масъала имкон медиҳад, ки воситаҳои ахбори оммавии мамлакат аз вартаи бӯҳрон наҷот дода, обрӯю эътибори Тоҷикистон дар масъалаи эҳтироми принсипҳои озодии сухан ва демократия дар байни мамлакатҳои ҷаҳон боз ҳам баландтар бардошта шавад.Тарҷумон — Қудратов А.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






