НАРХИ ШАКАРУ БИРИНҶ ҚИМАТ, АММО ОРДУ КАРТОШКА АРЗОН ШУД

Август 3, 2009 09:13

                   Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Кумитаи давлатии омор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз аввали соли 2009 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ боло рафт. Боло рафтани нарх бештар дар асал (54,4 фоиз), шакар (39,2 фоиз), арақ (16,4 фоиз), биринҷ (12,1 фоиз), қаҳва (10,2 фоиз), чой (10,1 фоиз), маҳсулоти ширӣ (7,7 фоиз), оби маъданӣ (6,5 фоиз), конфетҳои шоколадӣ (4,3 фоиз) мушоҳида гардид. Ҳамчунин дар ин давра гӯшти мурғи хонагӣ (3,3 фоиз), гӯшти гӯсфанд (2,8 фоиз), гӯшти гов (2,2 фоиз) қимат шудааст.                  Зимнан нархи бехпиёз 31,3 фоиз, картошка — 7,1, ярмаи ҷав — 5,7, орди навъи якум — 4,3, сабзӣ — 1,7 ва карам 1 фоиз арзон шудааст.   

Август 3, 2009 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!