НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН ТО ҲОЛ МАЪЛУМ НЕСТ
Кобул, 24 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — Тавре хабар дода шуда буд, 20 август дар Афғонистон интихоботи навбатии президент баргузор гардид. Аз рӯи хабарҳои расида, президенти ҳозираи Афғонистон Ҳомид Карзай ва вазири собиқи корҳои хориҷии мамлакат Абдуллои Абдулло дар интихобот натиҷаҳои тақрибан баробар ба даст овардаанд. Намояндаи ситоди интихоботи Ҳ.Карзай хабар дод, ки ҳисоби овозҳо ба охир расидааст ва Ҳ.Карзай дар интихобот пирӯз гардид. Мувофиқи қонуни интихобот, барои ғалаба дар он камаш бояд 50 фоизи овози интихобкунандагон ба даст оварда шавад. Агар ягон номзад ҳамин миқдор овозҳоро ба даст оварда натавонад, моҳи октябр даври дуюми интихобот гузаронида мешавад. Ба қавли намояндаи ситоди интихоботии Ҳ.Карзай, ба гузаронидани даври дуюми интихобот ҳоҷат нест, зеро аксарияти интихобкунандагон ба тарафдории Ҳ.Карзай овоз додаанд. ИМА, НАТО ва Шӯрои амнияти СММ аллакай мардуми Афғонистонро ба муносибати бомуваффақият гузаштани интихобот табрик намуданд. Аммо Абдуллои Абдулло изҳороти Ҳ.Карзайро дар бораи ғалаба карданаш дар интихобот рад намуд. Вай тарафдорони Карзайро ба қонуншиканӣ ва таҳрифкорӣ дар ҷараёни интихобот гунаҳкор намуд. Дар ситоди интихоботи Абдуллои Абдулло изҳор карданд, ки алҳол натиҷаҳои интихобот маълум нест. Ба журналистон низ ба даст овардани маълумоти дақиқ дар бораи натиҷаҳои интихобот муяссар нагардид. Роҳбари гурӯҳи нозирони Русия, раиси Комиссияи марказии интихобот Владимир Чуров шикоят кард, ки мақомоти Афғонистон ҷараёни ҳисоби овозҳоро махфӣ нигоҳ медоранд ва ба журналистон дар бораи натиҷаҳои интихобот маълумот дода намешавад. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






