ОМОДАГИИ МАКТАБҲО БА СОЛИ ХОНИШИ НАВ

Август 18, 2009 15:19

                Ховалинг, 18 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар саросари кишвар омодасозии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш идома дорад. Дар ҳамин замина рафти корҳои сохтмонӣ ва таъмиру барқарорсозии мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон суръати тоза мегиранд. Дар мактабҳои №2 ва №15 ҷамоати деҳоти Ҷонбахт, ки солҳои 60-70-уми асри гузашта сохта шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд, бо қувваи сохтмончиёни корхонаи сохтмонии «Нигини Сулаймон» ва ҶДДМ «Ҷиёншо» охирин корҳои рангуборкунӣ ва ҷиҳозонидан бо таҷҳизоти муосири таълимӣ анҷом дода шуда истодаанд. Ҳамзамон аз ҷониби шӯъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ» як қатор корҳо сомон дода шуд ва дар ҳамин росто, аз оғози соли нави таҳсил боғча-ясли, воқеъ дар маҳалаи «Бинокорон» аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, дар он ду гурӯҳ беш аз 45 нафар тифлакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Инчунин 13 ҷои кори нав муҳайё хоҳад шуд. Дар шафати боғча- яслии мазкур бинои мактаби №6 ҷойгир аст, ки он ҳам то оғози соли хониш пурра аз таъмир бароварда мешавад.                Дар маҷмӯъ то имрӯз аз 3 миллион маблағҳои ҷудошуда барои ноҳияи Ховалинг бо мақсади созандагию бунёдкорӣ дар соли 2009 беш аз 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудаанд. 90 фисади мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба соли хониш омода буда, Ҳукумати маҳаллӣ бобати аз хонаҳои шахсӣ баровардан ва сохтани биноҳои иловагӣ барои 12 мактаби садамавӣ чораҳои мушаххас меандешад.  

Август 18, 2009 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад