ОСОРХОНАИ ЯҲЁ МИРФОЗИЛОВ
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд бо ташаббуси ШСХК «Барқи тоҷик» ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ осорхонаи яке аз кормандони фаъоли соҳаи энергетикаи Тоҷикистон Яҳё Мирфозилов кушода шуд. Яҳё Мирфозилов муддати дароз дар НБО-и Норак кор карда, раиси Кумитаҳои иҷроияи шаҳрҳои Норак ва Роғун буда, дар ШСХК «Барқи тоҷик» кор кардааст. Осорхона бо ташаббуси фарзандон ва аҳли оилаи Я. Мирфозилов бунёд карда шуд. Дар осорхона силсилаи аксҳои оилавӣ, гузоришҳои мусаввар, ҳуҷҷатҳо, мукофотҳои Я. Мирфозилов ба намоиш гузошта шуданд. Дар маросими кушодашавии осорхона муовини аввали раиси вилояти Суғд Шакарбек Самадов, муовини аввали ШСХК «Барқи тоҷик» Баҳром Азимов, намояндагони шаҳри Норак ва ноҳияи Ғончӣ иштирок карданд. Тарҷумаи Зебо Иноятова








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






