ОЗМОИШГОҲИ НАХУСТИНИ МИКРОБШИНОСӢ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 18 август дар рӯзи таҷлили Иди касбии кормандони соҳаи тибби мамлакат дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нахустини серсоҳаи микробшиносӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Озмоишгоҳ дар заминаи Муассисаи назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ташкил карда шуд. Директори муассисаи мазкур Самариддин Алиев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки ҳадафи асосии ташкили озмоишгоҳ пешгирии паҳн гардидани бемориҳои хавфноки сирояткунанда дар қаламрави ҷумҳурӣ мебошад. Озмоишгоҳ мувофиқи Нақшаи миллии пешгирии бемориҳои хавфноки сирояткунанда ифтитоҳ карда шуд, ки бояд дар давоми чор сол иҷро карда шавад. Вазифаи асосии кормандони озмоишгоҳ сари вақт ошкор намудани одамоне мебошад, ки ба навъҳои гуногуни бемориҳои грипп ва бемориҳои дигари сирояткунанда гирифтор шудаанд. Озмоишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Бонки ҷаҳонӣ тармим карда ва бо асбобу анҷоми зарурӣ таҷҳизонида шуд. Бонки ҷаҳонӣ бо ин мақсад 180 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуд. Асбобу анҷоми озмоишгоҳ асосан сохти Олмон мебошанд. Ҳоло дар ин ҷо чор духтур ва як ёрдамчии онҳо кор мекунанд. Мутахассисон дар курсҳои кӯтоҳмуддати Алмаато, Туркия ва Миср роҳу усулҳои истифодаи асбобу анҷом ва таҷҳизотро омӯхтанд. Илова бар ин, мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар давоми ду ҳафта бо онҳо машғулиятҳо гузарониданд. Фаъолияти озмоишгоҳро Муассисаи давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ ва мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ назорат мекунанд. Натиҷаи ташхиси хуни одамоне, ки ба бемориҳои вазнини сирояткунанда гирифтор шудаанд, барои аниқ кардани беморӣ ба Лондон ва Русия фиристода мешаванд. С.Алиев дар фарҷоми сӯҳбат изҳор намуд, ки чунин озмоишгоҳҳо айни ҳол дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон истифода карда мешаванд. Ояндаи наздик дар Тоҷикистон боз як озмоишгоҳи махсус кушода хоҳад шуд, гуфт вай. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






