ПИРӮЗИИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ БИШКЕК

Август 13, 2009 15:51

              Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Варзишгарони тоҷик Аҳмадҷони Муҳаммад ва Бахтиёр Саъдуллоев дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ду медали биринҷиро ба даст оварданд.             Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) баргузор шуд, 64 нафар писарон ва 64 нафар духтарони то 18-сола аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ширкат варзиданд.              Аҳмадҷони Муҳаммад дар рақобатҳои инфиродӣ дар бозии ҳалкунанда бар намояндаи Русия Денис Столяров дар ду даст бозӣ бо ҳисоби якхелаи 6:4, 6:4 пирӯз шуда, мақоми севвумро касб намуд. Бахтиёр Саъдуллоев бошад, байни 64 нафар дар ҷои 9-ум қарор гирифт.                Инчунин теннисбозони тоҷик дар сабқати дунафарӣ то ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта, барои ҷои севвум бар теннисбозони Қазоқистон бо ҳисоби 7:5, 6:2 ғолиб шуданд.                Тавре иттилоъ дода будем, беҳтарин теннисбозони тоҷик дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҲҶТ, ки аз 15 то 19 август дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Дар ин мусобиқа иштироки теннисбозони Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар назар аст.

Август 13, 2009 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!