РАВОБИТИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛОРУС ГУСТАРИШ МЕЁБАД

Август 25, 2009 13:38

                 Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 4 то 7 сентябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Белорус бахшида ба иди миллии Рӯзи хатти Белорус чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Дар доираи ин ҷашн Анҷумани III байналмилалии «Матни бадеӣ — ҳамчун воситаи муоширати халқҳо» баргузор мегардад. Адиби шинохтаи тоҷик, тарғибгари адабиёти муосири ду кишвари дӯст Ато Ҳамдам аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин маърака даъват шудааст, ки маърӯзаи ӯ дар ин анҷуман дар назар дошта шудааст.                  Мавриди зикр аст, ки дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни миллии хатти белорусӣ бо ташаббуси бевоситаи Ато Ҳамдам ва раиси Нашриёти «Адабиёт ва санъат»-и Ҷумҳурии Белорус Алес Карлюкевич 2 китоби адибони тоҷик — Баёзи назми муосири тоҷик бо номи «Зери ахтари Рӯдакӣ» бо забони белорусӣ ва китоби хотираҳои сафари Алес Карлюкевич ба Тоҷикистон, осори баргузидаи адибони маъруфи тоҷик Сайидалӣ Маъмур ва Фарзонаро бо номи «Тоҷикистон: Сафар ба абадият» аз чоп баромаданд.                  Инчунин, тариқи Нашриёти «Ирфон» маҷмӯаи ашъори шоири русзабони Белорус Юрий Сапожков бо номи «Нуқтаи бебозгашт» аз чоп баромад, ки онро шоири шинохта Зиё Абдулло тарҷума кардааст.                  Адибони маъруфи тоҷик Низом Қосим ва Ато Мирхоҷа ҳамчун арзи эҳтиром китоби шоири тавонои Белорус Микола Метлитскийро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ба чоп омода кардаанд, ки то охири сол ба дасти хонандагон хоҳад расид.  

Август 25, 2009 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!