РУСИЯ МАБЛАҒИ ИҶОРАИ ПОЙГОҲИ НИЗОМИРО БА ТОҶИКИСТОН МЕПАРДОЗАД

Август 3, 2009 10:18

                 Маскав, 3 август. (АМИТ «Ховар» — Регнум.ру). — Ҳафтаномаи «Коммерсант» — и Русия хабар медиҳад, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари кории Президенти Русия Д.Медведев ба Тоҷикистон, Маскав ва Душанбе изҳор намуданд, ки минбаъд ҳамкории низомиро дар асоси ҳуқуқҳои баробар ривоҷ хоҳанд дод. Ин чунин маъно дорад, ки Русия барои ҳузури пойгоҳи низомии 201 — уми худ дар Тоҷикистон ба Душанбе маблағи муайян мепардозад. Русия дар ҷавоб қарор додааст, ки навъҳои гуногуни аслиҳаро ба Тоҷикистон аз рӯи нархи бозор фурӯшад ва кадрҳои низомии тоҷикро дар мактабҳои олии ҳарбии худ дар асоси қарордод қабул намояд. Ҳафтанома зикр менамояд, ки сафари Д.Медведев ба Душанбе зоҳиран бомуваффақият анҷом ёфт. Ҳуҷҷати асосие, ки зимни сафар ба имзо расид, Акти қабули давлатии НБО «Сангтӯда — 1» буд.                Баъди имзои ҳуҷҷати мазкур арзиши аниқи сохтмони нерӯгоҳ муайян карда мешавад. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ барои сохтмони он 720 — 800 миллион доллари ИМА сарф шудааст. Тоҷикистон бояд 25 фоизи маблағи масрафи сохтмони нерӯгоҳро пардозад. Тибқи ҳуҷҷатҳои имзошуда, нархи истифодаи қувваи барқи НБО «Сангтӯда -1» тадриҷан зиёд карда мешавад.                 Д.Медведев дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳи мазкур зикр кард, ки Маскав ва Душанбе дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика созишномаҳои нав таҳия месозанд. Вале на Президенти Русия ва на Президенти Тоҷикистон дар бораи нақшаҳои ояндаи ҳамкориашон дар ин соҳа чизе нагуфтанд.                   Ба қавли ҳафтанома усулҳои ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи ҳарбӣ ба таври ҷиддӣ тағйир меёбад. Маскав бо талаби Душанбе розӣ шуд, ки барои фаъолияти пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистон маблағи муайян пардозад. Сарони ҳар ду давлат ба вазирони мудофиа ва корҳои хориҷӣ супориш доданд, ки дар ин мавзӯъ пешниҳодҳои мушаххас тайёр намоянд.  

Август 3, 2009 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!