СӮХТОР ДАР АНБОРИ ҚОЛИНҲО

Август 10, 2009 16:11

                  Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- 6 август дар ҶСШК «Кӯҳандиз», ки дар кӯчаи А. Қаҳоров 107 воқеъ аст, сӯхтори калон ба амал омад. Сӯхтор масоҳати 150 метри мураббаъро фаро гирифта буд. Тамоми ашёҳои анбор, аз ҷумла қолинҳо, гилемҳо, ковролин ва ғайра сӯхта хокистар гашт.                 Аз дафтари матбуоти Раёсати давлатии сӯхторхомӯшкунии ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар натиҷаи сӯхтор анборҳои дар наздикӣ буда, ки таҷҳизоти он 2 миллион сомониро ташкил медод аз сӯхтор эмин дошта шуд.                Ҳафтаи гузашта дар ҷумҳурӣ 28 сӯхтор ба қайд гирифта шуд, аз ҷумла дар Душанбе-11 сӯхтор, вилояти Суғд- 6 сӯхтор, Турсунзода-2 сӯхтор, дар ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринав- 1 сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Масоҳати умумии сӯхтор 1197 метри мураббаъ ва зарари умумии онҳо 117 ҳазору 162 сомониро ташкил медиҳад.                                                                                                             Тарҷумаи Зебо Иноятова

Август 10, 2009 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад