СӮХТОРИ КАЛОН ДАР ДУШАНБЕ

Август 20, 2009 10:17

                       Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — 19 август соати 12 — у 30 дақиқа дар бинои №13 кӯчаи Ҷаббор Расулов ҳавзи калони битуми сохтмонӣ даргирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати давлатии сӯхторхомӯшкунии Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд. Баробари расидани хабари сӯхтор дастаҳои сӯхторхомӯшкунандагон ба маҳалли воқеа фиристода шуданд. Сӯхтор соати 14 пурра хомӯш карда шуд.                       Ба туфайли тадбирҳои фаврӣ ва оқилонаи сӯхторхомӯшкунандагон тамоми битуми сохтмонии дар ҳавзбуда аз оташ наҷот дода шуд. Инчунин паҳн гардидани сӯхтор ба анбори нафт пешгирӣ карда шуд, ки дар шафати ҳавзи битум воқеъ буд. Айни ҳол сабабҳои рух додани сӯхтор ва гунаҳкорони он муқаррар карда мешаванд.

Август 20, 2009 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад