САБАБҲОИ БАЛАНД ГАРДИДАНИ НАРХИ СУЗИШВОРӢ

Август 19, 2009 14:54

               Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Нархи бензин дар моҳи августи соли равон нисбати моҳои июн ва июл вобаста аз намудҳояш 7 фоиз боло рафт. Нархи бензини навъи АИ 95 3 сомону 40 дирам, АИ 92 3 сомону 20 дирам ва АИ 80 агар 3 сомон фурӯхта мешуданд, имрӯз бошад, мутаносибан АИ 95 3 сомону 65 дирам АИ 92 3 сомону 50 дирам ва АИ 80 3 сомону 30 дирам вобаста аз ҷойгиршавии нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ фурӯхта мешавад.                Барои равшани андохтан оиди ин мавзӯъ мухбири АМИТ «Ховар» бо сардори раёсати зиддимонополӣ ва рушди рақобати Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Тошпулод Рабиев ҳамсӯҳбат гардид.                Сабаби баландшавии нархи сӯзишворӣ дар чист?                Агар мо ба маълумотҳои гумрукӣ назар афканем, то якуми августи соли равон ба ҷумхурӣ ба миқдорӣ 211,7 ҳазор тонна бензин дохил карда шудааст, ки ин нисбати хамин давраи соли гузашта 52,1 ҳазор тонна зиёд мебошад. Агар соли гузашта 34 субъекти хоҷагидор ва шахсони воқеӣ дар бозори молӣ воридоти бензин фаъолият мекарданд, имрӯз бошад 45 субъект хоҷагидор ва шахсони воқеъи фаъолият намуда истодаанд. Бояд гуфт, ки субъектҳои хочагидор аз қабили «Газпромнефт» ба андозаи 28,3 фоиз «Дилшод» ба андозаи 11,4 фоиз ташкилоти истеҳсолии «Умед 88» ба андозаи 5,1 фоиз мавқеи ҳукмфармоиро дар ин бозор ишғол карда истодаанд ва мавқеи худро гум накардаанд. Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҳамчун вазорати ваколатдори зидимонополӣ нархҳои бензинро бо ин ширкатҳо ба танзим медароранд ва мувофика мекунанд. Ва аз тарафи мо болонархӣ ба дарачаи 10 фоиз бояд муайян кунанд.                 Аз рӯи маълумоти шабакаи интернетӣ баландшавии нархи як баррел нефт дар моҳи январ 40 доллари амрикоӣ бошад, имрӯз ба 74 доллари амрикӣ расидааст, ки ин яке аз сабабҳои баландшавии нархи сӯзишворӣ мебошад. Сабаби дигараш баландшавии нарх хангоми ба расмиятдарори мебошад, ки ин аз тарафи хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Агар мо ба рақамҳо назар афканем як тонна бензин дар моҳи январ ба 335 долларро ташкил медод ҳангоми ба расмият дарорӣ, дар моҳи апрел ба 367 доллар, дар моҳи июн бошад ин нишондиҳанда ба 393 доллар ва дар моҳи июл ба 483 доллари амрикоӣ омада расид.                 Барои ба танзим даровардани ин нарху наво оё вазорат ягон чора андешида истодааст?                 Вазорати рушди иктисод ва савдои ҷумҳурӣ дар бозори молӣ маниторинг мегузаронад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки арзиши гумрукӣ барои як тонна бензини навъи АИ 92 хангоми воридот 586 доллар муайян карда шудааст дигар андозҳо, акзисҳо, арзиши иловашуда бо назардошти як тонна бензини АИ 92 дар «Газпром» 887,74 доллари амрикоӣ баробар мешавад. Бо назардошти қурби асъори миллӣ аз рӯи нишондоди Бонки миллӣ 4 сомонию 39 дирам бензини АИ 92 дар «Газпром» ба 2 сомонию 90 дирам баробар мешавад. Дар нуқтаҳои фурӯш нархи бензин 3 сомону 50 дирам аст. Имрӯз дар Россия, ки ҷумҳурии мо асосан сӯзишвориро аз ҳамин давлат мегирад нархи бензин баланд шуда истодааст. Дар ин рӯзҳо ба ҳисоби миёна фоизи бадандшавии он аз 1 то 2 фоизро ташкил медихад. Дар худи шаҳри Москва бошад, ҳам нархи фурӯши бензин аз 2,5 то 3 фоизро ташкил мекунад, ки бевосита ба мо низ таъсири худро мерасонад. Зеро бозори истеъмолии мо нисбати бензин кариб гуфтан лозим аст 100 фоиз аз воридот вобастагӣ дорад.                Барои паст кардани нархи бензин чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?               Аз тарафи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешида шуда истодаанд ва аз раёсати шаҳри Душанбе дар худи пойтахт имрӯз нуқтаҳои фурӯши бензин таъмин карда мешаванд ва бо нархи муайян фурӯхта мешаванд, ки он арзонтар аст.

Август 19, 2009 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд