САФАВӢ: «ТОҶИКИСТОН ҚУТБИ ТУРИЗМИ ҶАҲОНӢ ХОҲАД ШУД»

Август 19, 2009 11:01

                   Душанбе, 19 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Дар ояндаи наздик Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои рушдёфтаи туристӣ дар ҷаҳон шинохта хоҳад шуд», гуфт зимни мусоҳибааш бо хабарнигори радиои миллии Эрон мудири равобити умумии ЭКО Муҳаммади Сафавӣ.                     М. Сафавӣ зимни нақли таасуроташ аз сафари Тоҷикистон ин кишвари офтобиро «Шветсария»- и дуюм дар минтақаи Осиёи Маркзӣ арзёбӣ кард. Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо манзараҳои дилфиреби кӯҳиаш ва олами бои набототаш дорои захираҳои бузурги туристӣ мебошад, ки дар оянда метавонад ба як кишвари рушдёфтаи туризм дар минтақа табдил ёбад.                    Бояд тазаккур дод, ки М. Сафавӣ чанде пеш бо сафари корӣ дар ҳайати намояндагони ЭКО ба Душанбе омада буд.Дар ин хусус аз қароргоҳи марказии ЭКО воқеъ дар Теҳрон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.  

Август 19, 2009 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!