САВДОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН КОҲИШ ЁФТ
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо қувваи барқ ва гази табии 1615, 8 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 30, 6 фоз ё ба андозаи 713 млн. доллар кам аст. Тарози савдо дар ин муддат манфӣ арзёбӣ гардид ва он 793,0 млн. долларро ташкил кард. Боиси тазаккур аст, ки савдои хориҷии Тоҷикистон сол аз сол васеъ мегардад. Айни замон ҶТ бо 90 мамолик, аз ҷумла бо 11 кишвари ИДМ ва 79 мамолики хориҷи дур муносибатҳои савдои хориҷӣ дорад. Дар гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 46,9 фоиз ё 757,6 млн.доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 53,1 фоиз ё 858, 2 млн. доллар рост меояд. Касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ — 576,3 млн. доллар ва бо мамлакатҳои хориҷи дур — 216, 7 млн. долларро ташкил дод.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






