«СОМОН ЭЙР» ЧИПТАҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ МЕФУРӮШАД
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — Ҷамъияти саҳҳомии «Сомон эйр» дар Тоҷикистон аввалин шуда, ба фурӯши чиптаҳои электронӣ шурӯъ намуд. Аз дафтари матбуоти ҷамъияти саҳҳомӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аввалин чиптаҳои электронӣ ба мусофирони ҳавопаймои «Дубай — Душанбе» фурӯхта шуданд, ки 24 июл парвоз карда буд. Чиптаҳои мазкурро аҳли оилаи Ромин ном шахс хариданд, ки аз шаҳри Дубай ба пойтахти Тоҷикистон парвоз мекарданд. Дар мавриди истифодаи чиптаҳои электронӣ мусофирон аз ташвиши харидани чиптаҳои муқаррарӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва ғайра озод карда мешаванд. Қайд карда шуд, ки фурӯши чиптаҳои электронӣ ояндаи наздик дар ҳамаи кассаҳои «Сомон эйр» ба роҳ монда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки чиптаҳои электронӣ бори аввал соли 1996 дар Иёлоти Муттаҳиди Амрико мавриди истифода қарор гирифта буданд. Онҳо дар муддати кӯтоҳ дар бисёр мамлакатҳо паҳн гардиданд. Чиптаи электронӣ шакли электронии чиптаи ҳавопаймо мебошад, ки ба ҷои чиптаи муқаррарӣ истифода карда мешавад. Зимни харидан ё фармоиш додани чиптаи электронӣ маълумот дар бораи мусофир, ҳуҷҷатҳо ва хати парвози он дар маркази маълумоти компютерӣ ҷой дода мешавад. Маълумоти мазкур дар маркази компютерӣ дар давоми панҷ сол нигоҳ дошта мешавад. Бо ҳамин имконияти гум кардани чипта ё фаромӯш кардани он аз байн меравад. Мусофирон метавонанд дар фурудгоҳҳо ному насаби худро зикр намуда, чиптаи электронӣ гиранд. Онҳо бо ин роҳ метавонанд барои аъзои оила ва хешу таборонашон, ки дар шаҳрҳои дигар мебошанд, чипта фармоиш диҳанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






