ТАЙЁРӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНИИ ЧОРВО

Август 18, 2009 15:20

                 Ховалинг, 18 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Таи солҳои охир ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати кишоварзии мамлакат ба соҳаи чорводорӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамояд. Роҳбари давлат дар паёми имсолааш ба чорводорон дастур дод, ки бо истифода аз шароити мусоиди обу ҳавои имсола ду баробар аз нақша зиёд хӯроки чорво захира намоянд. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои президенти кишвар деҳқонони ноҳияи Ховалинг аҳлона меҳнат намуда, саршумори чорвои калони шохдор ва чорвои майдаро сол аз сол зиёд менамоянд. Айни замон захираи хӯроки дурушт ва тарбеда бо суръат идома дорад.                  Бояд қайд намуд, ки дар гузаштаи начандон дур ноҳияи Ховалинг дар соҳаи чорводорӣ на танҳо дар ҳудуди кишвар, балки берун аз он машҳур гардида буд. Маҳсулоти ширию гӯштии чорводорон дар бозору мағозаҳо пешкаши харидорон карда мешуданд. Ва инак чорводорон мақсад гузоштаанд, ки шӯҳрати пешинаи бахши чорводориро баргардонида, маҳсулоти истеҳсоли худиро ба хориҷи кишвар ба савдо бароранд.   

Август 18, 2009 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад