ТАЙЁРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАШВАРАТИ ВАРШАВА
Душанбе, 14 август.( АМИТ «Ховар», лаззат Диловарзод).- Ҳафтаи сипаришуда беш аз 100 нафар намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсади дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҷамъияти шаҳрвандӣ оид ба корҳои тайёрӣ дар баргузории ҷаласаи ҳарсолаи Шӯрои Амнияти Иттиҳоди Аврупо (ОБСЕ), оид ба мавзӯи қадри инсон, ки моҳи сентябр дар Варшава баргузор мегардад, ҷамъомади худро дар Душанбе доир намуданд. Ин вохӯрӣ бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ташкилоти намояндагии Тоҷикисон оид ба ҳуқуқи инсон, Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Институти даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон доир гардид. Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои «Демократия ва интихобот», «ВАО ва дастрасии иттилоот», «Ислоҳоти ҳуқуқӣ ва сохтори судӣ», «Масъалаҳои озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Ислоҳоти ҳарбӣ» ва ҳамчунин аз мушкилоти датрасӣ ба маҳбасхонаҳо, экология, ҳуқуқи гурезаҳо, ақалиятҳои миллӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳуқуқ ба моликият, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба зан мавриди муҳокима қарор ёфтанд. Ташкилкунандагони ин вохӯрӣ аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда, нуқтаи назари худро дар асоси таклифу тавсияҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






